Тоҷикистон - Арзёбии Ҳаракати Ибтидоӣ (Даври 3)

Share

Download

Share

Contact
dushanbe@iom.int
Language
Tajik
Location
Tajikistan
Period Covered
Feb 27 2024
Apr 26 2024
Activity
  • Survey
  • Baseline Assessment

Матритсаи Пайгирии Ҳаракат (MПҲ) дар Тоҷикистон Арзёбии Ҳаракати Ибтидоиро (АҲИ) барои пайгирии ҳаракат, пешниҳод намудани маълумот дар бораи шумораи тахмини аҳолӣ, тақсимоти ҷуғрофии муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷирони баргашта, сабабҳои муҳоҷират ва кишварҳои бозгашт амалӣ мекунад. Маълумотҳо дар сатҳи деҳа аз манбаъҳои калидӣ ва мушоҳидаҳои мустақим ҷамъоварӣ мешаванд.

 

Арзёбии ҳаракати ибтидоӣ (BMA) дар ҳамаи панҷ вилоят дар 12 ноҳия/шаҳри Тоҷикистон (аз ҷумла ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакии ноҳияҳои тобеи марказ, шаҳри Хуҷанди Суғд) гузаронида шуд. Арзёбии Ҳаракати Ибтидоӣ (АҲИ) дар ҳамаи панҷ вилоятҳо ва минтақаҳо ва 12 ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон (аз ҷумла ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакии Ноҳияҳои Тобеи Марказ, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба анҷом расонида шуд. Тадқиқоти мазкур 935 деҳаро тавассути гузаронидани 3459 мусоҳибаҳо бо маълумотдиҳандагони калидӣ (асосӣ) фаро гирифт. Дар асоси ҳисобҳои тахминии маълумотдиҳандагон калидӣ, дар маҳалҳои зисти тадқиқотӣ 4010 нафар муҳоҷирони меҳнатии байналмилалӣ дар давраи солҳои 2020 то моҳи апрели 2024 сукунат доштанд. Ҳамзамон, 3133 муҳоҷирони дохилӣ дар маҳалҳои зисти тадқиқотӣ ҷойгир шуда буданд ва гузориш дода шуд, ки 271 059 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳайси муҳоҷирони байналмилалӣ дар хориҷа умр ба сар мебаранд ва илова бар ин, 299 834 муҳоҷирони бозгашта аз аз хориҷи кишвар ба ватан баргаштаанд.