Тоҷикистон – Арзёбии Ҳаракати Ибтидоӣ (Даври 4)

Share

Download

Share

Contact
DTM REMAP Support Team (dtmremapsupport@iom.int), MTM Tajikistan (mtmtajikistan@iom.int)
Language
Tajik
Location
Tajikistan
Period Covered
May 01 2024
May 31 2024
Activity
  • Survey
  • Baseline Assessment

МПҶ Арзёбии Ҳаракати Ибтидоиро (АҲИ) дар Тоҷикистон бо мақсади пайгирии ҳаракат, пешниҳоди маълумотҳо доир ба саршумории аҳолӣ, тақсимоти ҷуғрофии муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷирони баргашта, сабабҳои муҳоҷират ва кишварҳои бозгашт амалӣ мекунад. Додаҳо дар сатҳи деҳа аз маълумотдиҳандагони калидӣ ва дар асоси мушоҳидаҳои мустақим ҷамъоварӣ карда мешаванд.

Арзёбии Ҳаракати Ибтидоӣ (АҲИ) дар ҳамаи 5 минтақаҳо ва 12 ноҳияҳо/шаҳрҳои Тоҷикистон (аз ҷумла ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансури шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакии Ноҳияҳои Тобеи Марказ, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳрҳои  Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) гузаронида шудааст. 948 ҷомеа (деҳа) тавассути муҳокимаҳои гурӯҳӣ бо 3,288 маълумотдиҳандагони асосӣ таҳти ин арзёбӣ фаро гирифта шудаанд. Бар асоси ҳисоботҳои маълумотдиҳандагони калидӣ 1,060 муҳоҷирони меҳнатии байналмилалӣ дар ҷомеаҳои арзёбишуда дар давоми солҳои 2020 ва моҳи апрели соли 2024 дар Тоҷикистон истиқомат кардаанд. Ҳамзамон 3,371 муҳоҷирони дохилӣ дар ҷомеаҳои арзёбишуда пазироӣ шудаанд ва 274,313 нафар шаҳрвандони тоҷик ҳамчун муҳоҷирони байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷ умр ба сар мебаранд. Илова бар ин, 334,299 нафар муҳоҷирони бозгашта аз кишварҳои хориҷа баргаштаанд.